Ҳукм: барои ташкили амалиёти террористӣ 300.000 рубл додааст

Shared to Facebook

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрвандро бо ҷурми ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ, сармоягузорӣ ва кушиши ташкили амалиёти террористӣ дар қаламрави Русия айбдор дониста, ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Суд Исмоилов Бахтиёр Исломиддиновичро ба содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 179 қисми 2 бандҳои “а,б” (Терроризм — такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) айбдор донистааст.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба номбурда аз ҷониби Раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст.

Гуфта нашудааст, ки ин шаҳрванд узв ё ҷонибдори кадом ташкилоти мамнӯъ буд, аммо бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, вай барои барои содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави Русия тавсияҳо гирифта, ба воситаи корти “Сбербонк”-и Русия ба суратҳисоби аъзои ташкилоти мазкур дар давраҳои гуногун, аз соли 2015 то соли 2021, маблағи зиёда аз 300.000 рубли русӣ гузаронидааст.

Бино ба ин гузориш, ӯ бо мақсади нишон додани садоқати худ дар шабакаи иҷтимоии интернетии “Ватсап” бо номҳои мустаори “Бахтияр Исмаилов”, “islomiddin ibragimovich” ва ғайра худро ба қайд гирифта, аз Идихони Рустам ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави Русия тавсияҳо мегирифтааст.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 6 майи соли 2021, Исмоилов Б.И. бо моддаҳои179 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан ба ҷазои ниҳоӣ 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.