Сармуҳосибро ҷустуҷӯ доранд: маоши кормандонро тасарруф кардааст

Shared to Facebook

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як корманди хоҷагии манзилию комунали шаҳри Ваҳдатро барои тасарруфи маблағҳои маоши кормандон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор додааст.

Мақомот мегӯянд, Муллоев Темур Тоҷиддинович, ки дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат кор мекард, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва тафтишоти пешакӣ пинҳон шуда, ҷои буду бошаш муайян нест.

Номбурда ба он гумонбар дониста мешавад, ки бино ба маълумоти Агентӣ, “дар давраи фаъолияти корияш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, маблағи умумии 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаст”.

Мақомот мегӯянд, нисбат ба Муллоев барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ғоибона айб эълон карда шуда, кофтукови ӯ эълон карда шудааст.