“Тоҷикистон мардуми Афғонистонро танҳо намегузорад”

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар масъалаҳои марбут ба вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ кардааст.

Изҳор гардидааст, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

“Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад”, — таъкид шудааст дар мулоқот.   

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд.