Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Ин ҷаласа рӯзи 14 июл дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” дар Тошканд баргузор гардид.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои омодагиро ба ҷаласаи навбатии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 августи 2021 дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор мегардад, муҳокима кардаанд.

Зимни ҷаласа омодагӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зич дар самти васеъ кардани муҳтавои Вохӯрии машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳо ва дар чаҳорчӯби он доир намудани Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи истеҳсолкунандагони миллии кишварҳои минтақа, Муколамаи занон-пешвоёни Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳо изҳор гардидаанд.