Амрико ба кишварҳои ОМ ваксина ҷудо мекунад

Shared to Facebook

Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ рӯзи 15 июл дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” дар қолаби С5+1 мулоқот кардаанд.

Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ва Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ширкат варзидаанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор додаанд:

“Ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими минбаъдаи муколамаи “C5+1” ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳое чун амнияти биологӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-сармоягузорӣ, шарикии энергетикӣ, тағйирёбии иқлим, мубориза бо қочоқи инсон ва рушди сармояи инсонӣ таъкид карданд”, — хабар дод ВКХ Ӯзбекистон.

Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл хабар дод, ки кишвараш дар доираи механизми COVAX 500 млн воя ваксинаи зидди коронавирус ҷудо намудаву қисме аз онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фиристода мешавад.

Зикр мегардад, ки дар фарҷоми ҳамоиш ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми саъю кӯшишро барои таҳкими институтсионалии C5+1 ва истифодаи ин платформа барои ҳалли мушкилоти актуалии байналмилалӣ харҷ мекунанд.

Саммити қаблии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 моҳи апрели имсол дар шакли онлайн баргузор гардида буд.