Нигаронии Тоҷикистону Чин аз вазъи Афғонистон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 сентябр дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

“Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намудаанд.

Аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шудааст.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо сарҳади дарозтарин, забон ва таърихи муштарак бо Афғонистон, нисбат ба сарнавишти ин кишвар бетараф буда наметавонад.

Дар ин зимн таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон хостгори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.