Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

Shared to Facebook

Дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот кардааст:

“Дар суҳбат роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни ду кишвар, вазъи Афғонистон, ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ, ба хусус дар бахшҳои энергетика, зерсохтор ва нақлиёт бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигар табодули назар сурат гирифт”, — хабар дод манбаъ.