Дороии суғуртачиён ба 1,3 фоизи ММД баробар шуд

Shared to Facebook

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот бо намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва роҳбарони сохторҳои БМТ фаъолияти бозори суғуртавӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2021-ро баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи Холиқзода, бозори суғурта яке аз бахшҳои муҳими низоми молиявӣ дар ҷаҳони муосир буда, дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд:

“Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгар, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлат, дар рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми босазо мегузорад. Таҳлили бозори суғурта ва нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ аз он далолат медиҳанд, ки бахши суғурта дар бозори молиявии кишвар мақоми худро устувор карда истодааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳаҷми сармоягузориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба низоми молиявӣ 294,1 млн. сомониро ташкил намуд, ки аз он 258,8 млн. сомонӣ ба саҳмияҳои дигар ташкилотҳо, 34,0 млн. сомонӣ ба пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ва 1,3 млн. сомонӣ ба дигар сармоягузориҳо рост омада, ташкилотҳои суғуртавӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи давлат 9,8 млн. сомонӣ андоз пардохт намуданд ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 71,7 фоиз зиёд мебошад”, — раиси БМТ.

Ба гуфтаи ӯ, таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, таҳти №211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” имкон дод, ки сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба маблағи 232,6 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2020 ба андозаи 89,9 фоиз зиёд гардад. Ҳамзамон ба бозори суғуртаи кишвар ворид гардидани 2 ташкилоти суғуртавии навтаъсис (бо маблағи умумии сармояи оинномавӣ 22,0 млн. сомонӣ) ба ин раванд мусоидат кард.

Ҳамчунин, вай баъзе аз масъалаҳои муҳими бахши суғуртаро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамкории ташкилотҳои суғуртавиро бо бахши иқтисодиёти миллӣ муҳим арзёбӣ намуд, ки дар ин самт барои ташкилотҳои суғуртавӣ дар бозори суғурта имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Зикр гардид, ки дар баробари ҷой доштани тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои бозори суғурта, ташкилотҳои суғуртавии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва тақвият бахшидани доираи хизматрасониҳои нави муосир, вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва зиёд кардани намудҳои суғуртакунонӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зимни рӯнамоии маърӯзаи сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова оид ба “Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021” гуфта шуд, ба ҳолати 30 июни имсол дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ амал намуда, дороиҳои онҳо ба санаи ҳисоботӣ 513,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 фоиз зиёд аст. Дороиҳои низоми суғурта бошад, нисбат ба ММД аз сатҳи 1,0 фоиз зиёд шуда, дар ин давра бори аввал он ба 1,3 фоизи ММД баробар шуд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ дар умум 921 792 адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 187 743 адад зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2021 ҷиҳати рушди минбаъдаи бозори суғурта дар кишвар зарурати роҳандозӣ намудани як қатор тадбирҳои саривақтиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, зарурати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 марти соли 2020, таҳти №211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)”, ҷобаҷогузории самараноки дороиҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти суғуртакунонии маҳсулотҳои бонкӣ, таъсис додани Шӯрои нозирон дар ташкилотҳои суғуртавӣ, таъсис додани намояндагиҳо дар минтақаҳои кишвар, пешниҳоди хизматрасониҳои нави суғуртавӣ ба аҳолӣ, вусъат додани робита бо ҷомеа дар самти маърифатнокии суғуртавӣ, шомил гардидани ташкилотҳои суғуртавӣ ба Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, ба меъёрҳои муайянгардида мутобиқ намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, содда ва шаффоф роҳандозӣ намудани пардохтҳои суғуртавӣ ба аҳолии кишвар, тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда шуд.