Идомаи сафари кории Президент дар вилояти Суғд

Shared to Facebook

Сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров ва Ҷаббор Расулов идома ёфт.

Нахуст Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд ва дар ҳамин ҷо дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил карда шуд, дидан карданд.

Дар намоиш ҳунармандон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров маҳсули дастранҷи худро муаррифӣ намуданд.

Президент ба ҳунару маҳорати занону бонувони хушсалиқаи вилояти Суғд баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи ин коргоҳ, ки аз сару либоси мактабӣ, хилъатҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, матоъҳои безараркардашуда ва корҷомаҳо барои амалиёти ҷарроҳӣ иборат аст, боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи нави дӯзандагӣ дар як сол 60 ҳазор баста сару либоси мактабӣ буда, дар он ҷо дар ду баст 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Дар идома, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматии 9 ошёна дорои 32 ҳуҷра буда, дар ошёнаи аввал Маркази саломатӣ ва таҳхона озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир аст.

Бинои истиқоматӣ барои ҳайати шахсӣ ва афсарони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ шуда, Пешвои миллат ба чанде аз оилаҳои кормандон калиди хонаҳои истиқоматиро супориданд.

Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ҳамчунин Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор дода шуд, ки саҳми соҳибкор Муқимҷон Ҳусейнов бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат ба шароити фароҳамгардида дар Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” баҳои баланд дода, истифодаи мақсадноку самарабахши имконоти мавҷударо ҳатмӣ ҳисобиданд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020-2030 муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба дастовардҳои бузург ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон бамаротиб баланд гардид. Ҳамзамон дар ин давра коргоҳу корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сокинони зиёд ба шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки имрӯз барои соҳибкорону сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат имконияти фаррох фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо натиҷаи кори олимон ва соҳибкорони ҷавони соҳаи технологияи иттилоот шинос шуда, саҳми олимони тоҷикро дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар назаррас ҳисобиданд.

Дар идома Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил иборат аст. Гуфта шуд, дар Муассиса 40 номгӯи ҷарроҳӣ анҷом дода шуда, ҳоло дар ин Марказ  беш аз 300 нафар корманди дарҷаи олӣ ва миёна кору фаъолият доранд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар ин муассисаи нави тиббӣ баҳои баланд доданд.

Дар идомаи сафари корӣ рӯзи 16 сентябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Fафуров ташриф оварда, дар деҳоти Ёва  аз “Хона-музей”-и  Нозимҷон Усмонов дидан карданд.

“Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми  шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Тибқи иттилоъ, нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рузгордорӣ  аз  асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд. Асбобҳои дар “Хона-музей” гирд овардашуда давраи зиндагонӣ ва урфу одати  ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунад. 

Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ  иқдоми пешгирифтаи Нозимҷон Усмоновро барои дар манзили истиқматиаш ташкил кардани “Хона-музей” аҳсану офарин хонда, ин ташаббуси некро дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии он шоистаи таҳсин хонда, ин оиларо барои дигарон намунаи ибрат хонданд. 

Ҳамчунин, Президент аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи “Хона-музей” дар сатҳи баланд ташкил карда шуд, дидан карда, ба ҳунари волои занону духтарони ноҳияи Бобоҷон Fафуров баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ маҳорати кадбонугии занон аз қабили нонпазӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Дар идомаи сафари корӣ рӯзи гузашта Сарвари давлат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, нахуст дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” дорои 8,22 гектар замин буда, соҳмдорон ба кишту парвариши зироат ва боғдорӣ машғул мебошанд. Боғи анор дар ин хоҷагӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Анорбоғи ҳосилдиҳандаи навъи “Мумтоз” дар замини хоҷагӣ соли 2009 ташкил гардидааст ва аз он хоҷагидорон ҳамасола беш аз 10 тонна ҳосил ба даст меоранд.

Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ба Президент иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагии мазкур кишти такрории сабзӣ 0,35 гектар, бодиринг 0,30 гектар, мош 0,15 гектар, карам 0,10 гектар ва сирпиёз 0,10 гектарро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шумораи зиёди сокинони ба кишту парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ машғулбуда иштирок намуда, дар растаҳо маҳсули заҳмати хешро, ки бо меҳнати ҳалол давоми сол ҷамъоварӣ намудаанд, ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ошпазҳои ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзондани нозукиҳои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавонон ҳидоят карданд.

Дар ҳамин ҷо зотҳои чорвои калони шохдор, майдаи шохдор, асп ва парандаи дар хоҷагии “Деҳқони нав” парваришёбанда намоиш дода шуд.

Президент ба меҳнати пайваста ва истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва саҳми пайваста гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.

Сипас Сарвари давлат аз майдони пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии “Мирҷалол” ва “Файзи нур” дидан намуда, ба занону духтароне, ки ба пахтачинӣ машғул буданд, туҳфа тақдим карданд.

Дар идома Пешвои миллат дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба  корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Гуфта шуд, аз рӯйи лоиҳа, корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмуъ 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин иқтисодиёти мамлакат боло бурда шавад, аз тарафи дигар, дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста ба онҳо мусоидат менамояд.

Дар идомаи сафари корӣ Президент дар заминҳои ҶСП “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд. Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Русия кишт карда шуд.

Сарвари давлат хоҷагидоронро ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карда, барои истифодаи самараноки замин, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маводи ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.