Дар иди православии Радонитса, 21 апрел, рӯҳониёни епархияи Душанбе ва Тоҷикистон, ки ба доираи митрополияи Осиёи Марказии Калисои Православии Рус тааллуқ доранд, бо иштироки намояндагони Сафорати Русия ва русзабонҳои муқими Тоҷикистон дар қабристони шаҳрии (русии) шаҳри Душанбе маросими ёдбуд баргузор гардид, хабар додааст Сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ин маросим ба хотири сарбозони ҳалокшуда, қурбониёни ҷинояти наслкушӣ дар ҷаҳон ва ҳамаи фавтидагон бахшида шуд.
Пас аз ибодати идона дар калисои муқаддаси Николайи шаҳри Душанбе, роҳпаймоии тантанавӣ таҳти роҳбарии котиби идораи епархия, Гавриил доир гардид.
Дар «Гулгашти ёдгорӣ» маросими махсуси ёдбуд баргузор гардид. Пас аз анҷоми маросими ёдбуд, қайд гардид, ки ҳозирин на танҳо хотираи наздикони худро, балки ҳамаи сарбозони ҳалокшуда ва қурбониёни ҷинояти наслкуширо гиромӣ доштанд.
Сипас мушовири калони Сафорат А.А. Фимиогли суханронӣ намуда, дар бораи санаи наве, ки 29 декабри соли 2025 аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия В.В. Путин муқаррар шудааст, маълумоти бештар дод.
Рӯзи ёдбуди қурбониёни ҷинояти наслкушии мардуми шӯравӣ, ки аз ҷониби миллатгароён ва ҳампешагони онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941–1945 содир шудааст, имсол бори аввал таҷлил мегардад.
Санаи 19 апрел ба он хотир интихоб шудааст, ки маҳз дар ҳамин рӯз соли 1943 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС фармони №39 -ро «Дар бораи чораҳои ҷазо барои ҷинояткорони немис-фашист, ки дар куштор ва шиканҷаи аҳолии осоишта ва асирони ҳарбии сурх айбдоранд, инчунин барои ҷосусон, хиёнаткорони Ватан ва ҳампешагони онҳо» қабул намудааст.
На танҳо хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида, балки шумораи зиёди аҳолии осоишта — занон ва кӯдакон, ки кушта ва азоб дода шудаанд, қурбониёни ҷинояти наслкушӣ дониста мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, 27 миллион нафар, ки дар ҳудуди ИҶШС зиндагӣ мекарданд, дар натиҷаи амалҳои миллатгароён дар солҳои 1941–1945 кушта шудаанд.
Дар ҳошияи ин сана, ҳамчунин шанбегии тозакорӣ чанде пеш дар қабристони шаҳрии (русии) шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
➡️Сафорати Русия дар Тоҷикистон («ВКонтакте»)





