Дар Ҷумҳурии Узбекистон дар мавзуи «Муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар ба хотири саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» форуми байналмилалӣ баргузор гардид, хабар додааст ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори форум аз Тоҷикистон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд. Форум 20-21 апрел бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, созмонҳои байналмилалӣ, вазирони корҳои дохилӣ аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Туркия, Италия ва Корея баргузор гардид.
Дар доираи форум Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Узбекистон Баходир Ташматов вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бахусус таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар ба саломатӣ ва амнияти ҷамъиятиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода бо Директори шуъбаи оперативии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Бо Матиасен вохӯрӣ кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, хусусан маводи синтетикӣ равона гардид.
Дар доираи форум вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир шуд. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ ба хотири истодагарӣ дар муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон





