Харобиовартарин офати табиӣ дар Аврупо баъд аз замони ҶБВ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва Подшоҳи Белгия Филипп дар робита ба обхезиҳои шадид ва фавти одамони зиёд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудааст.

“Хабари обхезиҳои шадид дар натиҷаи боришоти зиёд дар кишвари дӯст, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд. 

Аз ҷаноби Президент хоҳиш дорам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Федеративии Олмон бирасонанд”, — омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Олмон.

“Хабари рӯй додани селу обхезиҳои шадид дар манотиқи мухталифи Белгия, ки муҷиби талафоти ҷонӣ шуда, хисороти зиёди моддиро ба бор овардаанд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии моро дар иртибот ба марги фоҷеавии шаҳрвандон бипазиред”, — гуфта шудааст дар барқия ба Подшоҳи Белгия Филипп.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллиёт арз намуда, ба осебдидагон шифои комил орзу кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расмӣ, теъдоди қурбониёни обхезии рӯзҳои охир дар кишварҳои Аврупои ғарбӣ аз 180 нафар гузаштааст. Танҳо дар Олмон аз 156 нафар фавтида хабар дода мешавад.

Беш аз ҳазор нафари дигар бедарак шудаанд.

Обхезиҳо, ки бар асари боришоти шадид ба вуҷуд омадаанд, ба як қатор минтақаҳои Олмон, Белгия, Ҳолланд, Фаронса, Австрия ва Швейтсария зарар расониданд.

Обхезии кунунӣ дар Олмон аллакай харобиовартарин офати табиӣ дар кишвар пас аз Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ арзёбӣ шуд, менависад Deutsche Welle.

Дар ҳамин ҳол, Cафорати Тоҷикистон дар Олмон дар пайи ин обхезиҳо дар як муроҷиатнома ба ҳамватанон гуфт, агар дар бораи нопадид шудани ягон шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳалли офати табиӣ иттилое доранд, пешниҳод намоянд:

“Аз шаҳрвандон хоҳиш мегардад, ки дар сурати мавҷуд будани иттилоъ нисбати бедарак шудани шаҳрвандони тоҷик дар мавзеҳои офатҳои табиӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Берлин — телефон — 030 34 79 300 ва суроғаи электронӣ — info(at)botschaft-tadschikistan.de тамос гиранд”, — омадааст дар муроҷиатнома.