Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 август барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтанд.
Нахуст дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз Корхонаи “Карон-калсит” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалситро истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосири корӣ дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсит аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки микрокалсит дар саноат ба таври васеъ истифода гардида, барои истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмониву ашёҳои рӯзғор, техникаву технологияи гуногун ва маҳсулоти кимёвӣ илова карда мешавад. Аз ҷумла, дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ ва рангу бори хона бо истифодаи микрокалсит истеҳсол мегардад. Аз ин лиҳоз маҳсулоти мазкур дар саросари ҷаҳон серхаридор буда, ин корхона имконият дорад, ки ба пуррагӣ талаботи соҳаи саноати Тоҷикистонро бо микрокалсити гуногунҳаҷм қонеъ карда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ дар бозорҳо рақобат намояд. Корхона дар ду баст фаъолият намуда, дар оянда содироти микрокалсити Корхонаи “Карон-калсит” ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ карда мешавад.
Минтақае, ки корхона дар он ҷо ҷойгир аст аз лиҳози захираи санги мармари сафед бой буда, тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ашёи хоми маҳаллӣ сифату маҳсулнокии баланд дорад ва барои истеҳсоли микрокалсити ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи захираи минтақа ва ашёи истеҳсолнамудаи корхонаи нав масъулин дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ хоҳанд монд.
Бо насби хаттҳои нави истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин фурсат маҳсулоти сохтмонии рангу эмулсия тайёр карда мешавад, ки ин иқдом барои коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Маҳсулоти ниҳоии корхона бо истифода аз озмоишгоҳи муосир аз санҷиш гузаронида шуда, дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод карда мешавад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати мамлакат бо микрокалсит дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар давоми як сол боз ду коргоҳи истеҳсолӣ — саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи кор сохта ба истифода диҳанд.
Дар идома дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Пешвои миллат барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда, ин лоиҳаро саривақт ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонанд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президент ҳамчунин ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ ва суҳбат бо сарбозон таъкид гардид, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.
Сарбозон дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ғамхории доимиашон нисбат ба шароиту имконот дар қисмҳои низомӣ, навсозиву муҷаҳҳаз намудани воҳидҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Вазифаи ин қисми низомӣ таъмини амният дар сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз мебошад.
Зимни боздид Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати ғизои сарбозон ва маҳсулнокии таоми омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъмини саривақтии хӯроки серғизо яке аз талаботи асосӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон мебошад.
Баъд аз шиносоӣ бо шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсии ин қисми низомӣ, Президент дар назди ҳайати шахсӣ баромад карда, нахуст онҳоро ба муносибати 29-умин солгарди таҷлил, аз Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Баъди суханронии Президент гузашти низомии сарбозон баргузор гардид.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат ҳамчунин бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Гуфта шуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида, дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва бо сифати баланд бунёд карданд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президент бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кӯмакпулӣ ва сару либос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон, дастархони идона ороста шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятим суҳбати самимӣ доир намуда, зикр карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Рӯзи 19 август Президент дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
Сарвари давлат баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз масъулинро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба омӯзгорону муҳассилини ноҳияи Дарвоз хизмат намояд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз ҷониби 11 соҳибкори ноҳия бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи Чорчаман меҳмонхонаи наву замонавии “Чорчаман Хилс”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.
Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.
Мақсади асосии сохтмони меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат “Дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дорои хизматрасониҳои васеъ, аз ҷумла саёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин рӯзи 19 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Дуробаи ноҳияи Дарвоз Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ду гармхона бо муосиртарин технология, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, коргоҳи коркард ва бандубасти асал ва коргоҳи истеҳсоли картон ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки 70 фоизи коргарони корхонаро занону духтарони хонанишин ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо нахуст гармхонаҳои муосири инноватсионӣ, ки бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар шароити кӯҳистон сохта шудааст, муаррифӣ гардид.
Сарвари давлат иқдоми соҳибкорро дар бунёди иншооти замонавӣ, ҷалби шарикони рушд ва ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи якдигар дар соҳаи кишоварзӣ намунаи ибрат хонда, барои идомаи тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни муаррифии корхонаи нави истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ гуфта шуд, дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Туркия буда, дар он ду намуди маҳлули антисептикӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз 10 тонна маҳлули антисептикӣ буда, ояндаи наздик бо ворид гардидани дастгоҳҳои муосир истеҳсоли боз 12 намуд маводи доруворӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин ҷо Президент ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти вазъияти баамаломадаи минтақа ва ҷаҳон иқтидори истеҳсолии ин намуди маҳсулотро барои таъмини доимии беморхонаю сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон зиёд намоянд.
Гуфта шуд, дар доираи тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Парки иноватсионӣ истеҳсоли 3 намуди маҳсулоти тиббӣ, аз ҷумла маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб ва айнакҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст, ки маҳсулот дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон содирот карда мешавад.
Президент дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ҳамзамон аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, ки бо истифода аз технологияи пешқадами Туркия коркарду истеҳсол мегардад, шинос шуданд.
Гуфта шуд, ин коргоҳ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ташаббуси чоруми Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” бунёд ёфта, дар заминаи ин иқдом захираҳои бузурги обӣ самаранок истифода мегардад.
Иқтидори истеҳсоли коргоҳи мазкур ба пуррагӣ талаботи аҳолиро қонеъ карда метавонад ва бо назардошти афзун гардидани талабот имкон аст, ки истеҳсолот зиёд ва ҷойҳои нави корӣ низ таъсис дода шавад.
Дар ин ҷо ҳамзамон корхонаи коркард ва бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Соҳибкор бо мақсади васеъ намудани маҷмуи маҳсулот, таъмини рақобатпазирӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.
Маҳсулоти корхона ба содирот нигаронида шуда, барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз шароити утоқҳои кории кормандони Парки инноватсионии саноатию технологӣ шинос шуданд.
Баъд аз ифтитоҳи корхонаҳои нав нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.