Путин: “Тоҷикистон яке аз шарикони содиқ ва боэътимоди мост”

Shared to Facebook

“Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар соли ҷорӣ гардиши мол ба беш аз миллиард доллар афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд аст”, — гуфтаанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Русия Владимир Путин.

Дар ин суҳбат, ки 27 декабр дар Санкт-Петербург дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, Сарвари давлат афзудаанд, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ афзуда, Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният ҳамкории зич доранд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби ИДМ баррасӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон ин мулоқотро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод кардаанд.

Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо, сатҳи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ, табодули андеша намудаанд.

Дар мулоқот ба масъалаи таъсиси Шӯро оид ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будааст, ки ҷонибҳо оид ба пешрафти онҳо андешаронӣ кардаанд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи мураккаби гуманитарии кишвари Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват ба амал овардаанд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

“Тоҷикистон яке аз иттифоқчиёни содиқ, боэътимод ва наздики мост. Мо муносибатҳоро дар ҳамаи соҳаҳо хеле фаъолона инкишоф дода истодаем. Ин ба масъалаҳои амният низ дахл дорад. Ҳоло вазъи сарҳад бо Афғонистон, — медонам, мо бо Шумо дар тамоси доимӣ ҳастем, — боиси ташвишу нигаронии муайяне шудааст. Ва инҳо ҳолатҳои объективӣ ҳастанд, ман ба ин нигаронӣ шарикам”, — гуфтааст Президенти Русия дар ин мулоқот.

Ҳамчунин, вай аз кумаки низомии Русия барои таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон мисол овардааст:

“Вақтҳои охир тибқи созишҳои мо ба манзури таҳкими неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, таъминоти зарурии аслиҳа ва техника анҷом дода шуд, то Тоҷикистон ба ҳар таҳдиде, ки аз берун алайҳи кишвари шумо меояд, муқовимати муассир карда тавонад.

Ва пойгоҳи ҳарбие, ки мову шумо дар вақташ бунёд кардем, ҳоло ҳам инкишоф меёбад ва яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти минтақа ба ҳисоб меравад. Медонам, ки Шумо бо низомиёни мо ҳам пайваста тамос мегиред, вазъиятро зери назорат доред, дар он ҷо ба низомиёни мо кумак кунед, то дар шароити мувофиқ зиндагӣ кунанд. Мо корро дар ин самт идома медиҳем”, — изҳор доштааст ӯ.

Ҳамчунин, Путин аз таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Тоҷикистон ба рушди забони русӣ истиқбол кардааст. Ба гуфтаи ӯ, афроди зиёд ҳастанд, ки мехоҳанд русиро омӯзанд, зеро ҳоло ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия муваққатан кору зиндагӣ мекунанд.