Дар Кушониён зане бо гумони кӯдакдуздӣ дастгир шуд

Shared to Facebook

Мақомоти корҳои дохилӣ аз ошкор шудани боз як ҳолати эҳтимолан кӯдакрабоӣ хабар доданд: дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон зане дастгир шудааст, ки ба дуздии кӯдаки 2,5 сола гумонбар дониста мешавад.

Бино ба гузорише, ки дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, оид ба дуздида шудани кӯдак ба мақомоти милитсия сокини ҷамоати Бӯстон-Қалъа Файзигул Рустамова муроҷиат намудааст.

Дар пайи ин муроҷиат муайян карда шудааст, ки Муслима Пӯлод, сокини 21-солаи шаҳри Турсунзода, ки қаблан бо моддаи 244 (Дуздӣ) маҳкум шудааст, 5 декабр ба хонаи Файзигул Рустамова омада, аз ӯ дархост кардааст, то шабро дар хонааш рӯз кунад.

“Рустамова ба ӯ бовар карда, ба хонааш роҳ медиҳад. Лекин рӯзи дигар вақте ки соҳибхона дар хонааш набуд, “меҳмон” кӯдакро бо худ гирифта, ба хонааш — шаҳри Турсунзода мебарад”, — гуфта шуд дар гузориш.

Худи гумонбар ҳам ба кирдораш иқрор шуда, гуфт, ин ҳодиса баъд аз зуҳри 7 декабр рух додааст.

Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбат ба Муслима Пӯлод тибқи моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар камтар аз як моҳи охир ин ҳолати дуввум аст, ки аз кушиши дуздии кӯдакони ноболиғ дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. Ҳарду ҳолат дар натиҷаи боварии волидон ба гумонбарон рух додааст. Рӯзи 30 ноябр милитсияи шаҳри Душанбе аз дастгир шудани ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 03.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа, хабар дод, ки ҳангоми дар Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и пойтахт буданаш кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул карда, сипас дар лаҳзаи набудани модари кӯдак ӯро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.

Мақомот гуфтанд, гумонбаршаванда субҳи барвақт берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва кӯдаки навзоди 2-моҳа сиҳату саломат дарёфт гардид.