Туҳфаҳои раиси Исфара ба фарзандони оилаҳое, ки дар муноқишаи моҳи апрел ҳалок шуданд

Shared to Facebook

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳои шаҳрвандоне рафт, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд, ё ҷароҳат бардошта буданд.

Сухангӯи раиси шаҳр Зубайдулло Шомадов хабар дод, ки Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло бо шароити зисту рӯзгори 20 оила аз наздик шинос шуда, зимни суҳбат ба волидони онҳо барои тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ изҳори миннатдорӣ кардааст:

“Мавсуф зимни дидорбинию суҳбати самимона бо аҳли байти ҷавонмардони баору номуси миллат аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо ба Ватани аҷдодӣ ёдовар гашта, зимнан аз вазъи рӯзгор, раванди таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо пурсон шуд”.

Баҳоваддин Баҳодурзода гуфтааст, тибқи дастуру вазифагузориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша омодааст, ки ба ҳалли мусбати ҳамагуна мушкилоти иҷтимоии онҳо тадбирҷӯию мусоидат намояд.

Вай ба аҳли оилаи шаҳидон маводи хӯрокворӣ ва ба фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намудааст.

Ӯ ҳамчунон раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро вазифадор кардааст, ки аҳволу шароити зиндагии ин оилаҳоро таҳти назари доимии худ қарор дода,  ҳамаҷиҳата кумаку дастгирӣ намоянд.