Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон

Shared to Facebook

Имрӯз, 25 август, таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Таъкид гардидааст, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст.

Барнома барои мусоидат ба эҷоди фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифии манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар ҷаззобиятҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар соли 2025 ба Тоҷикистон 2 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ сафар намуд.

Президент таъкид доштаанд, ки барои боз ҳам афзун гардидани шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон имкону захираҳо хеле зиёданд, ки бояд пурсамар истифода шаванд.

Сарвари давлат супориш додаанд, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ гардида, татбиқи онҳо самарабахш ба роҳ монда шавад.

Сипас, Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 баррасӣ гардидааст.

Гуфта шудааст, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст.

Роҳбари давлат барои амалисозии барномаи мазкур ба сохторҳои марбута дастуру тавсияҳо доданд.

Инчунин дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи сиёсати аграрӣ ва дар бораи муҳоҷират баррасӣ шуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.

Нақшаи амали Барномаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 низ баррасӣ ва қабул карда шудааст.

Дар интиҳои маҷлис Президент дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар саросари кишвар ба таври бошукуҳу шаҳомат таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ вазифагузорӣ намудаанд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон