165 нафар аз Президент мукофоти давлатӣ гирифтанд

Shared to Facebook

Имрӯз, 25 август, дар Қасри миллат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 165 нафар намояндагони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва медали ҷашниро супориданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, тақдим карда шуданд. Дар байни қадршудагон кормандони соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон ҳастанд.

Президент дар паёми шодбошӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ, ба ҳозирин изҳор доштаанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бо такя ба иродаи қавӣ ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардумамон аз марҳалаҳои ниҳоят душвору сангини таърих сарбаландона гузаштем.

Роҳбари давлат саҳми ҳар як нафарро дар раванди созандагиву ободонии Ватан назаррас арзёбӣ намуда, афзудаанд, ки заҳмати содиқонаи онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба таври шоиста қадрдонӣ мегардад.

Таъкид гардидааст, ки бо дарназардошти “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 саъйу талоши бештар ба хотири ободии тамоми гӯшаву канори кишвар, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум ва хусусан наврасону ҷавонон, вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад.

Президент сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии тоҷиконро бузургтарин комёбӣ номида, иброз доштанд, ки кормандони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшуда, минбаъд низ имконияту неруи худро ба хотири боз ҳам мустаҳкам гардондани бинои муҳташами истиқлолу озодии Ватан, пояҳои маънавии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон сафарбар месозанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президент мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро гирифтаанд.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Сарвари давлат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми аҳли илму адаб ва фарҳанги кишварро таъкид намудаанд. Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳост, ки имрӯз 7 нафар, аз ҷумла бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 10 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 18 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 81 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонида шуданд.

Ба ғайр аз ин, ба 22 нафар медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супорида шуд.

Президент зимни мукофотсупорӣ хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, қадр намудаанд.

Саҳми соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша низ дар пешрафту ободии кишвар басо арзишманд номида шудааст. Роҳбари давлат ба соҳибкороне, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва ба ҳамаи шахсони саховатпешаи кишвар изҳори сипос намуда, ба онҳо барору муваффақият хостаанд.

Ҳамчунин, Президент мутахассисону коргарон, соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷиро, ки дар бунёди “Роғун” заҳмат кашида, истиқлоли энергетикии кишварро наздик месозанд, бо мукофотҳои давлатӣ қадр намудаанд.

Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026, 10 нафар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони ин ҷоиза гардидаанд.

Президент дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштаанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 25.08.2026