Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон дар 10 рӯз 84 фоиз иҷро шуд

Shared to Facebook

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар даҳ рӯзи аввали маърака 84 фоиз иҷро шуда, беш аз нисфи шаҳру ноҳия нақшаи даъвати худро пурра иҷро кардаанд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба маълумоти Вазорат, беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи пешбинишудаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Мақомот афзоиши шумораи довталабон, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва корҳои фаҳмондадиҳиро аз омилҳои иҷрои барвақти нақша медонанд.

Даъвати тирамоҳӣ 1 октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома мекунад. Дар ин маърака ҷавонони аз 18 то 27-сола – солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

Вазорати мудофиа дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои 55-фоизаи нақша хабар дода буд. Он вақт нақша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра, дар вилояти Хатлон 76 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64 фоиз ва дар Душанбе 63 фоиз иҷро шуда буд. Дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда 13 фоизро ташкил медод.