Андар шинохти Ҷамолиддин Нуралиев

Shared to Facebook

Имрӯз, 10 октябр, зодрӯзи Ҷамолиддин Нуралиев аст: 49-сола мешавад. Роҳи касбии ӯ аз кори иқтисодчӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон то намояндагӣ дар сохторҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, сипас то вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати молия ва Бонки миллӣ мерасад. Дар ин роҳ ӯ бо масъалаҳое сарукор дошт, ки аз доираи ҳисобу китоб берун мераванд: эътимод ба бонкҳо, амнияти интиқоли маблағҳо, сиёсати қарзии давлат ва ҷалби сармоя барои лоиҳаи бузурги энергетикӣ.

Ҷамолиддин Нуралиевро коршиноси соҳаи бонкдории сатҳи байналмилалӣ, ислоҳотгарои маъруфи низоми бонкӣ-молиявӣ, яке аз поягузорони шабакаҳои муомилоти молиявии бонкӣ, имиҷсози соҳаи бонкдорӣ, дар умум, яке аз беҳтарин менеҷерҳои бонкӣ-молиявии Тоҷикистон меноманд.

Аммо натанҳо чунин аст. Ӯ варзишгари моҳир ҳам ҳаст. Шояд кам-касон аз маҳорати варзишии ӯ огоҳанд, аммо инро афроде, ки ҳамроҳаш дар толори варзишӣ тамрин мекунанд, хуб медонанд.

Ҳамкории чандинсола имкон дод, ки ӯро натанҳо ҳамчун як шахси огоҳ ва донишманди соҳаи худ, балки як дӯсти воқеӣ шиносам. Чанде пеш ба дидораш рафтам. Ӯро дар толори варзишӣ машғули тамрин ёфтам. Дӯстон ва шогирдон гирдаш ҷамъ омада буданд; ба онҳо тарзи иҷрои машқеро нишон медод…

Ҷамолиддин Нуралиевро бештар аз баҳсу гуфтугӯҳои иқтисодӣ мешиносам – аз суҳбатҳое, ки дар онҳо рақамҳо танҳо рақам намемонанд, балки ба вазъи бонкҳо, бозори асъор, иқтисоди ҷаҳон ва рӯзгори мардум пайванд мегиранд. Дар толори варзишӣ бошад, чеҳраи дигар намудор мешавад: шахсе, ки ба омодагии ҷисмонӣ ва интизоми шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ин манзара барои шинохти ӯ як ишораи муносиб аст. Ислоҳоти молиявӣ ҳам мисли тамрин аз пайгирӣ ва устуворӣ вобаста аст. Қарорро метавон қабул кард, аммо тағйир додани низоми корӣ, ҷорӣ кардани қоидаи нав ва ба он одат кунонидани бозор кори якрӯза нест. Ҳар иқдом бояд ҳам аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда бошад ва ҳам ба эътимоди мардуму бозор такя кунад.

Ӯ суҳбат ва ё баррасии мавзӯъҳои марбут ба иқтисодро бо камоли майл мепазирад. Бахусус, таҳлили вазъи имрӯзи иқтисоди ҷаҳон, ки дар пасманзари ҳаводиси маълум дар бунбаст қарор гирифтааст, барояш хеле ҷолибанд. Ҳар маротибае, ки дар ин мавзӯъҳо мегӯяд, ҳатман нав мегӯяд, таҳлилҳояш шуниданиянд.

—

АЗ ДОНИШГОҲ ТО НИҲОДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҷамолиддин Нуралиев 10 октябри соли 1977 таваллуд шудааст.

Ҳамон тавре ки аз зиндагиномааш бармеояд, он чӣ ки ба иқтисод, молия, бонкдорӣ ё идоракунии бонкӣ, муносибатҳои байналмилалӣ марбут аст, решаҳои амиқе дар донишномааш доранд. Соли 2005 Коллеҷи Донишгоҳии Университети Мэриленд (иёлоти Мэриленд, ИМА) Магистри робитаҳои маъмуригардонӣ (МДА), соли 2006 Коллеҷи донишгоҳии Университети Мэриленд (иёлоти Мэриленд, ИМА) Магистри илмӣ дар соҳаи идоракунии молия ва соли 2007 Коллеҷи Донишгоҳии Университети Мэриленд (иёлоти Мэриленд, ИМА) Сертификат/Дипломи соҳаи менеҷменти молия дар ташкилотро хатм кардааст. Бино ба маълумоти дастрас, номи Ҷамолиддин Нуралиев дар қатори беҳтарин хатмкунандагони хориҷии донишгоҳи мазкур сабт шудааст.

Аз ин қабл, соли 1999, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.

Мактаби идоракунӣ ва роҳбариро дар вазифаҳои масъуле чун Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (2001 – 2004), Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (МВФ) (2004 – 2007), Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (2007), Муовини вазири молияи Тоҷикистон (2007 – 2010), Муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон (2010 – 2015) ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (2015 – 2022) омӯхтааст.

Ин гузаришҳо ӯро дар чанд сатҳи низоми молиявӣ қарор доданд: аз таҳияи сиёсати молиявӣ дар Вазорати молия то танзими бахши бонкӣ ва сиёсати пулӣ дар Бонки миллӣ.

Ҳамин таҷрибаи гуногун барои таҳлили масъалаҳои молиявӣ аҳамият дорад. Дар созмони байналмилалӣ кишварро муаррифӣ кардан як маҳорат мехоҳад; дар вазорат барномаву стратегияро ба сиёсати давлатӣ пайвастан маҳорати дигар; дар Бонки миллӣ бошад, қарорҳо бояд ба кори бозор, қурби асъор, пардохтҳо ва эътимоди шаҳрвандон таъсир расонанд. Нуралиев ин зинаҳоро пайдарпай тай кардааст.

Агар шарҳи ҳолашро дар даврони фаъолият дар вазифаҳои зикршуда варақ занем, дармеёбем, ки хеле аз ислоҳот ва дигаргуниҳо дар низоми молиявӣ ва бонкдории ҷумҳурӣ маҳз ба ӯ иртибот мегиранд. Барои мисол, агар дар замони Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ буданаш Тоҷикистонро дар Дафтари иҷроияи Шӯрои директорон дар Шветсария муаррифӣ мекард, дар замони Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Хазинаи байналмиллалии асъор (МВФ) буданаш муаррифӣ намудани мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ва додани маслиҳат ба директории иҷроияи Швейтсария оид ба як қатор саволҳои Фонд барои қабули қарор масъулияти асосияш буд. Ҳамин тавр, вақте Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ буд, Тоҷикистонро дар Дафтари иҷроияи директорони Шветсария муаррифӣ намуд.

Дар дохили ҷумҳурӣ бошад, замоне ки дар Вазорати молияи Тоҷикистон фаъолият дошт, як қатор ташаббусҳои сохторӣ ва институтсионалии ислоҳотро дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ пешниҳод кард. Кумитаи методиро, ки аввалин маротиба дар таърих ҳамаи стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявиро (МСФО) тасдиқ кардааст, роҳбарӣ намуд. 36 Стандарти ҳисоботдиҳии молиявӣ (МСФО) тасдиқ карда шуд, ки бо саъю кӯшиши худи кишварамон ва бе ёрии ташкилотҳои байналмилалӣ (МФУ) амалӣ гардида истодаанд. Муаллифи асосии Стратегияи аввалини мувофиқашудаи идоракунии қарзҳои давлатӣ (СУГД)-и Вазорати молия мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардида, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ маъқул дониста шуд:

“Бо дониши касбӣ ва таҷрибаи худ оид ба беҳтар гардонидани сохтор ва мазмуни Стратегияи рушди коғазҳои қиматнок мусоидат намудааст. Бо ташаббус ва ислоҳоти гузаронидаи ӯ коллеҷи молиявӣ мукаммал гардонида шуда, то ба сатҳи баланди Институти касбӣ-институти якуми молиявии Вазорат дар кишвар табдил дода шудааст”, — зикр гардидааст дар тавсифномааш.

_

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПРОТСЕССИНГӢ

ВА ПУЛИ МУҲОҶИРОН

Яке аз масъалаҳои ҳассоси иқтисоди Тоҷикистон интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аст. Ин маблағҳо барои бисёр хонаводаҳо манбаи муҳими рӯзгор ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, фаъолияти ширкатҳои интиқолдиҳанда ва бонкҳое, ки пулро ба гиранда мерасонанд, ҳам масъалаи бозор асту ҳам масъалаи амнияти иҷтимоӣ.

Соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкили Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо оғоз кард. Заминаи ин қарор танҳо хоҳиши мутамарказ кардани низом набуд: хавфи ба уҳдадориҳои худ вафо накардани баъзе ширкатҳои интиқолдиҳанда вуҷуд дошт. Масалан, расонаи Eurasianet дар бораи ширкати “Лидер” навишта буд, ки пас аз муфлис шуданаш тақрибан 1,7 миллион доллар ба бонкҳои Тоҷикистон қарздор мондааст. Бонкҳо маблағро ба гирандагон дода буданд, вале хатари ҷуброн нагирифтани он ба миён омада буд. Бонки миллӣ таъсиси марказро аз ҷумла бо ҳадафи коҳиш додани чунин хатар ва таъмини пардохти маблағ ба гирандагон шарҳ медод.

Барои ҷорӣ кардани низоми нав аввал санади меъёрӣ қабул шуд. Раёсати Бонки миллӣ 27 сентябри соли 2019 тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи онро тасдиқ кард. Аз 18 ноябр Марказ дар шакли озмоишӣ бо низоми “Юнистрим” ва чанд ташкилоти қарзии кишвар ба фаъолият оғоз намуд. Аз 3 декабр интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бояд тавассути низомҳои пардохтии ба Марказ пайваст анҷом мешуд.

Ба ибораи сода, Марказ ҳалқаи ҳисоббаробаркунӣ байни низомҳои пардохтии хориҷӣ ва ташкилотҳои қарзии дохилӣ гардид. Ба ҷойи он ки ҳар ширкат робитаи мустақими ҷудогона бо бонкҳои маҳаллӣ дошта бошад, интиқол тавассути инфрасохтори мутамарказтар гузашт. Нуралиев, ки он вақт муовини якуми раиси Бонки миллӣ буд, дар муаррифиву ҳамоҳангсозии ин иқдом ширкат дошт. Бонки миллӣ мегуфт, ки хароҷоти кори марказро ба зимма мегирад ва он набояд барои муштариён сабаби боло рафтани ҳаққи хизмат шавад.

Дар амал, таъсиси марказ ҳам масъалаи эътимодро дар бар мегирифт ва ҳам масъалаи рақобатро. Бонки миллӣ хабар дода буд, ки баъд аз пайвастани “Юнистрим” ба марказ комиссияи интиқол аз 1,5 дарсад то тақрибан 0,99 дарсад паст карда мешавад. Ин рақам барои муҳоҷир ё хонаводаи ӯ шояд ҷузъиёт намояд, аммо дар интиқолҳои зиёд метавонад ба хароҷоти воқеии мардум таъсир расонад.

Дар айни замон, ин ислоҳот як паҳлуи дигар низ дошт: нақши Бонки миллӣ дар роҳандозӣ ва назорати интиқолҳои фаромарзӣ васеътар шуд. Eurasianet Марказро ҳамчун низоме шарҳ дода буд, ки дар он Бонки миллӣ ба миёнарави ҳисоббаробаркунӣ байни ширкатҳои пардохтӣ ва бонкҳои маҳаллӣ табдил меёбад. Аз ин рӯ, дар бораи Марказ танҳо бо истилоҳҳои “амният” ва “шаффофият” сухан гуфтан кофӣ нест. Барои арзёбии ҳамаҷониба бояд таъсири мутамарказшавии низом ба рақобат, кори ширкатҳо ва дастрасии муштариён низ ба назар гирифта шавад.

Нуралиев замоне ба вазифаи масъули Бонки миллӣ таъин шуд, ки буҳрони азими соҳаи металлургияи ҷаҳон ва ибтидои таҳримҳои зидди шарики стратегии Тоҷикистон – Русия низоми молиявии дунёро такон дод. Табиист, ки низоми пардохтии Тоҷикистон бо Русия иртиботи қавӣ дорад. Зарур буд, ки дар ин бахш ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад. Зеро агар аз як сӯ “раги хунгузар”-и иқтисоди кишвар интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ бошад, аз сӯйи дигар, аз ин “мурӣ” ҳатто гуруҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ васеъ истифода мебурданд. Ин шарёни асосиро чанд ширкати ҳатто сабти ном нашудаи хориҷӣ идора мекарданд.

Ҳамин шуду Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR) таъсис ёфта, дар шабакаи бонкии кишвар, бахусус дар низоми интиқоли маблағ тағйироти куллӣ ба амал овард. Бо талошҳои Ҷамолиддин Нуралиев бозори интиқол, аз ҷумла, фаъолияти ширкатҳои идоранашаванда дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз нав ба танзим даромад. Дар ибтидо ин иқдом дар бозори асъор шуру ғавғо ба вуҷуд овард, аммо баъди камтар аз 3 моҳ ҳамагӣ манфиати онро дарк кардем. Ҳоло низоми интиқоли маблағ ва гардиши асъор таҳти дурбини идораҳои расмӣ буда, сӯрохиҳои “пулшӯӣ” ва ё сарпарастии терроризму экстремизм бастаанд.

_

ВОМБАРГҲОИ ДАВЛАТӢ –

ТАКЯГОҲИ СТРАТЕГИИ “ПОРТФЕЛИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ”

Соли 2017 Тоҷикистон бори аввал ба бозори байналмилалии вомбаргҳои давлатӣ баромад. Ҳадафи расман эълоншуда “ҷалби маблағ барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” буд. Ин амалиёт барои кишвар таҷрибаи нав маҳсуб мешуд: Тоҷикистон бояд худро ба сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ мекард ва эътимоди онҳоро ба қобилияти иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ба даст меовард.

Ҳайати давлатӣ аз 28 август то 8 сентябри соли 2017 бо роҳбарии Нуралиев дар муаррифии вомбаргҳо ба сармоягузорони Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир ва Швейтсария ширкат кард. Ба ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Бонки миллӣ, Вазорати молия ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ дохил буданд. Бонкҳои сармоягузории “Райффайзенбанк” ва “Ситибанк” низ дар омодасозӣ ва муаррифии пешниҳоди Тоҷикистон мусоидат карданд.

Вомбаргҳо 14 сентябри соли 2017 ба маблағи 500 миллион доллар ва ба муҳлати даҳ сол бароварда шуданд. Меъёри купонӣ – фоизи солонаи пардохтшаванда ба соҳибони вомбарг – 7,125 дарсад буд. Барои Тоҷикистон ин амалиёт имкон фароҳам овард, ки ба бозоре ворид шавад, ки қаблан аз он маблағ ҷалб накарда буд.

Аммо ба фурӯш баровардани вомбаргҳои Тоҷикистон рашки рақибон ва адовати душманонро ба вуҷуд оварда буд. Ҷамолиддин Нуралиев, ки тавре зикр шуд, дар муддати кутоҳ ба фурӯш рафтани евробондҳои Тоҷикистонро маҳз ба ӯ марбут медонанд, дар як посухи дақиқ ва асоснок собит кард, ки манфиати Тоҷикистон аз куҷо то куҷост. Ҳоло маълум мешавад, ки эътибор ва эътимод ба Тоҷикистон – кишваре, ки на нафт дораду на газ, то чӣ андоза қавӣ гардидааст. Ҳоло маълум мешавад, ки НБО “Роғун” то чӣ андоза аҳамияти ҷаҳонӣ дорад (дар пасманзари тағйирёбии босуръати иқлим ва буҳрони энергетикие, ки ин шабу рӯз авҷ гирифтааст). Ҳамзамон бехатарии сохтмони НБО “Роғун” бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ комилан собит шуда, “портфели қарзи давлатӣ” такягоҳи стратегӣ ёфт. Ба ин васила Тоҷикистон собит кард, ки дар ҳама ҳолат маҳз энергияи “сабз” бартарӣ дорад.

Ҷойи пинҳон нест, ки олигархҳои Аврупову Амрико, қабл аз қарордод бо Тоҷикистон оид ба евробондҳо чанд моҳ пеш обу хок ва ҳатто хусусиятҳои миллии кишвари моро омӯхтанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, худашон аз НБО “Роғун” боздид намуданд. Дар шарҳи ин қарордод як қатор институтҳои Аврупо паҳлуҳои мусбат ва манфии евробондҳои Тоҷикистонро ба палаи тарозу монданд. Ба қавли нависанда ва рӯзноманигор Наҷмиддин Шоҳинбод, бонкдори Аврупо мисли тоҷири бозори “Саховат”-у “Корвон” нархро аз ҳаво намегирад. Агар як бор аз фоидаи худ фикр кунад, даҳ бор оқибати зарари эҳтимолиро месанҷад. Фарқияти даҳбаробарии санҷидани фоида ва зарар ба он маъност, ки ҳамкориҳои иқтисодиву молиявӣ бо Тоҷикистон ва сармоягузорӣ дар кишвари мо суди даҳбаробарӣ дорад. Ҷамолиддин Нуралиев бо он таҷрибаи мушовараву музокироте, ки аз замони фаъолият дар институтҳои молиявии байналмилалӣ (Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор) дорад, рӯ ба рӯ бо ҳамон бонкдорону олигархҳои аврупоиву амрикоӣ ҳамин бартарияти кишвари моро собит намуд.

_

АЗ ТОЛОРИ ДОНИШГОҲ ТО ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

Эътироф мешавад, ки Нуралиев ба ҳайси донишманди низоми байналмилалии молиявӣ дар баланд бардоштани мақоми бонкҳои Тоҷикистон, танзими фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ, бозгашти эътимод бо бонкҳо талошҳои зиёд кардааст. Ёдамон бошад, дар ду соли охири фаъолияти ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон қариб ҳар ҳафта хабарҳо нашр мешуданд, ки “Ҷамолиддин Нуралиев ба донишҷӯёни ин ё он донишгоҳ маърӯза (лексия) хондааст”.

Намедонам, то он вақт чунин таҷриба дар мо буд ё не, аммо дар бисёре аз ин маърӯзахониҳои Нуралиев иштирок кардаву мушоҳида намудам, ки то чӣ андоза донишҷӯёни мо ба шунидани маърӯзаҳои ҳирфаӣ шавқу рағбат доранд ва дар таҷрибаву амалияи худ истифода мебаранд. Донишҷӯён мепурсиданд, ки қарорҳои Бонки миллӣ чӣ гуна ба қурби пул, таваррум, пасандоз ё қарзи онҳо таъсир мекунанд. Аз сиёсати пулию қарзӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мегуфту бозори асъор, хавфҳои низоми бонкӣ ва ислоҳоти Бонки миллиро ботафсил шарҳ медод.

Талош мекард, тавре масъалагузорӣ намояд, ки иқтисоду молия барои ҷавонон мавзӯи дуру бегона нест. Ин равандҳоеянд, ки дар нархи бозор, маблағи интиқолшуда, имкони гирифтани қарз ва ояндаи кори ҳаррӯзаи онҳо ҳузур дорад. Мутахассисе, ки метавонад ин робитаро равшан шарҳ диҳад, донишро аз доираи идора берун мебарорад.

Аз сӯйи дигар, ин суханрониву “суҳбати берун аз протокол” ба шунавандагон – донишҷӯён имкон медод, ки мафҳумҳои иқтисодиро на танҳо аз китоб, балки мустақиман аз таҷрибаи идоракунии низоми бонкӣ бишнаванд.

Ҷамолиддин Нуралиев як кадри ба шароити муосир мутобиқшуда ва коршиноси муваффақ дар низоми молиявию бонкии Тоҷикистон шиносоӣ мешавад. Ҳамон тавре зикр шуд, ӯ дар ташаккули баъзе қарорҳои муҳими молиявӣ ва бонкии ҷумҳурӣ иштирок дошт ва таҷрибаи байналмилалиро ба муҳити идоракунии дохилӣ овард. Аз ҳамин ҷост, ки дар маълумотномаҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкдорӣ ҳам аз ӯ тавсиф шуда ва аз ҷумлаи беҳтарин менеҷери молиявии Тоҷикистон муаррифӣ гардидааст.

Дар зодрӯзи 49-солагӣ ба Ҷамолиддин Нуралиев саломатӣ, неруи тоза ва комёбӣ орзу мекунем.

Довуд ИСМАТӢ

ИмрӯзNews