Тоҷикистону Туркия ба зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид карданд

Shared to Facebook

Тоҷикистон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳо бо Туркия, ки бар усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар изҳор доштаанд.

Ин мулоқот рӯзи 1 июл дар Қасри миллат баргузор шуд.

“Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президент.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт зарур шумурдаанд.

Дар робита ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон таъкид гардидааст, ки дар ин ҷода зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.

Дар рафти мулоқот ба таври муфассал мубодилаи афкори ҷонибҳо атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон сурат гирифтааст. Дар ин зимн қайд гардидааст, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад.

Аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар, ҳамкории босамари кишварҳо дар  чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Дар мулоқот инчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар ба хабарнигорон мулоқот бо Президенти Тоҷикистонро “пурмаҳсул ва муҳим” арзёбӣ кард:

“Имрӯза мулоқоти рӯ ба рӯи мо самарии бисёр хуб дошт. Ман таассуроти зиёд гирифтам”, — изҳор дошт вай.