Сафири Қазоқистон дар ВМКБ ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Shared to Facebook

Рӯзи 1 август дар шаҳри Хоруғ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои байниминтақаӣ байни Қазоқистон ва Бадахшони Кӯҳиро баррасӣ кардаанд. Сафир як қатор таклифҳо дар бораи ба роҳ мондани шарикӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намудааст:

“Масоили мубодилаи таҷриба дар соҳаи истихроҷи маъдан, имкони таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла василаи трансформаторҳо ва таҷҳизоти тиббӣ баррасӣ шуданд”, — хабар дод дафтари матбуоти Раиси вилоят.

А. Тоҷибаев пешниҳод намудааст, ки масъалаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бадахшони Кӯҳӣ дар соҳаи аэрокосмос бо истифодаи системаҳои кайҳонии Қазоқистон дар геодезия, кишоварзӣ ва коммуникатсия баррасӣ шаванд:

“Густариши робитаҳои фарҳангӣ, табодули донишҷӯён, рушди сайёҳӣ ва саноати фармасевтӣ дар Помир самтҳои самараовари ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошанд”, — таъкид шудааст дар ин мулоқот.

Ба ҳамкории иқтисодии ду кишвар дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шудани идораи намояндаи ҶСК “KazakhExport” дар соли гузашта такони ҷиддӣ бахшид. Намояндаи ин ширкат Рамеш Худоиев дар ин бора гуфт: “Дар зарфи як сол як қатор лоиҳаҳо барои дастгирии истеҳсолотчиёни соҳаҳои гуногуни Қазоқистон татбиқ карда шуданд. Ташкили маблағгузории содироти чархболи H125 барои ҶДММ “Сомон Эйр” яке аз муваффақтарин лоиҳаҳо мебошад. Дар доираи ин лоиҳа, “KazakhExport” якҷоя бо ҶСК “Ориёнбонк” 2 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карданд”.

Зимнан, дар бораи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни давлатӣ ва институтҳои молиявӣ тавофуқ ҳосил шудааст.

Қазоқистон шарики стратегии Тоҷикистон буда, ба гуфтаи масъулони Сафорат, барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои ҷумҳурӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ талош мекунад.