Тоҷикистон-Эрон: нишондиҳандаҳо иқтидори мавҷударо инъикос намекунанд

Shared to Facebook

Дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ ва ҳайати расмии ин вилоят тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар баррасӣ карда шудаанд.

Бино ба хабари маркази матбуоти Вазорат, Завқизода гуфтааст, бо шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Иброҳим Раисӣ муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Қайд гардидааст, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои ду кишвари бо ҳам дӯст, дорои таърих ва забону фарҳанги муштарак буд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2021 то ба 121 млн. доллар ё 2 маротиба нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфт.

Ҷонибҳо иброз доштаанд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имконоти зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд дорад ва қадами нахустин дар ин самт таҳияи харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ, нассоҷӣ, сохтмонӣ, электротехникӣ, қолинбофӣ, маводҳои шустушӯӣ ва пояфзолҳои чармӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ ва ширкатҳои маҳаллии вилояти Хуросони Разавӣ ба роҳ монанд.

Яъқубалӣ Назарӣ аз Вазири рушди иқтисод ва савдо даъват ба амал овардааст, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, шаҳракҳои саноатӣ ва корхонаҳои бузурги истеҳсолии вилояти Хуросони Разавӣ боздид намуда, бо фаъолият ва таҷрибаи онҳо шинос шавад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намудаанд.