Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД Гулмурод Ҳалимов ва аҳли хонаводааш, боздошти 274 узви ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии ду кушиши амали террористӣ, сабти беш аз 12 ҳазор ҷиноят ва афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон хабар дод.
“Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳи аҳли оилааш кушта шудааст”
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии рӯзи 3 август гуфт, кушта шудани Гулмурод Ҳалимов ва аҳли оилаашро шоҳидоне, ки бозпурсӣ шуданд, таъйид карданд:
“Тибқи қонунгузорӣ, барои тасдиқи мурдаи ин ё он нафар санад ё мадраке бояд бошад, мо чунин санадро надорем, лекин бино ба гуфти шоҳидон — онҳое, ки аз Сурия баргаштаанду боздошт шудаанд, Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳи аҳли оилааш кушта шудааст”, — гуфт Рамазон Раҳимзода ва дар айни замон афзуд, ки то ҷасадашро набинанд, ин хабарро пурра тасдиқ карда наметавонанд.
875 ҷиноят ошкор ва 274 нафар дастгир шуданд
Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 274 узви ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардиданд.
Ба гуфтаи Вазири корҳои дохилӣ, аз ин шумора 203 нафар узви ташкилоти террористӣ-экстремистии “Бародарони мусулмон”, 27 нафар узви ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ”, 17 нафар узви “Салафия”, 8 нафар- ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 4 нафар – “Гурӯҳи 24”, 3 нафар – “Ҳизби наҳзати ислом”, 3 нафар – “Ал-қоида”, 2 нафар – “Ҳизб-ут-таҳрир”, 1 нафар – “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва 1 нафар узви “Толибон” будаанд.
Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти расмӣ, аз ҷониби сохторҳои ВКД дар 6 моҳи соли ҷорӣ 875 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон 92 нафар аз хориҷи кишвар баргардонида шуда, нисбат ба онҳо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятӣ татбиқ карда шудааст.
Амалҳои террористӣ: ҳадафашон кормандони милитсия буд
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин аз пешгирии ду кушиши амали террористӣ дар ҷумҳурӣ хабар дода шуд. Ба гуфтаи сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Шодӣ Ҳафиззода, ҳарду ҳамларо ҷонибдорони гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” тарҳрезӣ карда буданд:
“Пеш аз он ки ҳамларо анҷом диҳанд, дастгир шуданд. Онҳо мехостанд, ҳамлаҳоро дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт анҷом диҳанд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳадаф қарор диҳанд”, — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.
Беш аз 2 ҳазор ҷиноят дар 6 моҳ
Дар нишасти матбуотӣ оид ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаш моҳи соли 2020 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дода шуд. Бино ба омори ВКД, дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи имсол дар миқёси ҷумҳурӣ 12293 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шуда, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҷиноят (2 фоиз) кам аст.
Дар ин давра, аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 35 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 56, таҷовуз ба номус — 16, роҳзанӣ — 17, савдои одамон — 10, ғоратгарӣ — 68, авбошӣ — 556, қаллобӣ — 1452, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 23, дуздӣ — 3415, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 357 ҳолат, ҷиноят бо истифодаи силоҳ — 22 ва дигар ҷиноятҳо 6266 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 423 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 42 адад автомат, 45 адад таппонча, 114 адад милтиқ ва карабин, 216 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Аз тарафи кормандони ВКД 1225 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда дастгир карда шудаанд.
Ба маълумоти ВКД, дар ин шаш моҳ аз тарафи ҳамаи сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 185 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардид, ки аз ин 636 кг (53,7 фоиз) он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.
Ҳамзамон, 67 ҳолати ниҳоли бангдонаи худрӯй ба миқдори 677 ҳазор бех (беш аз 1 тонна) дарёфт ва нобуд карда шудаанд.
Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 398 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12 ҷиноят бештар буда, дар онҳо 408 нафар ноболиғон иштирок кардаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби 2553 нафар ҷавонон 2736 ҷиноят содир шудааст.