Вазъи Афғонистон ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Рӯзи 1 июл дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон тибқи афзалиятҳои дар доираи Созмон эълоншуда, вазифаҳои раёсати худро пайваста иҷро карда истодааст.

Таъкид гардидааст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаҳои кумитаи котибони шӯроҳои амният, шӯроҳои вазирони дифоъ ва вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид ва корҳои омодагӣ ба баргузории иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ идома дорад.

Аз фаъолияти Котиботи Созмон ҷиҳати мусоидат дар омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бобарор дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карда шуданд.