Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи СААД

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 апрел, роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷаласаи дирӯзаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Президенти Тоҷикистон ин тадбирро ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон арзёбӣ карданд.

Таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили нерӯҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, нерӯҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон арзёбӣ гардидааст.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Таъкид гардидааст, ки дар мисоли пандемияи COVID-19, мо дидем, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти мо чӣ таҳдид мекунад.

Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ СААД баргузор гардид.

Вазирони мудофиа чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, чораҳои безараргардонии онҳо, инчунин масъалаҳои рушди ҷузъи низомии Созмон, ки бо дарназардошти воқеиятҳои имрӯза аҳамият ва муҳимияти хос пайдо мекунанд ва дигар мавзӯъоти мубрамро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ Созишнома дар бораи салоҳият ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои марбут ба ҳузури муваққатии қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20 — солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории СААД бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, муҷаҳҳаз кардани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СААД бо аслиҳаи муосир, техникаи низомӣ ва махсус, воситаҳои махсус, Нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташаккули неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2022 маъқул дониста шуданд.

Вазирони мудофиа инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бораи вақт ва ҷои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва сохтори қолабии Фармондеҳии Неруҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар ҷараёни тамрини даставӣ — ситодӣ озмоиш ва бо дарназардошти натиҷаҳои мувофиқасозии дохилӣ коркард шудаанд, баррасӣ карданд.