Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд

Shared to Facebook

27 апрел дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу сурат гирифт.

Бино ба хабари маркази матбуоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни ду кишвар дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

Сипас маросими имзои “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ” сурат гирифт. Созишномаро Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба имзо расониданд.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд.

Шойгу ҳамчунин хабар дод, ки Русия ба зиёд кардани шумори хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон барои таҳсил дар мактабҳои олии ҳарбии Русия омода буда, воҳидҳои низомии кишварро дар тамринҳои стратегии “Запад-2021” интизор аст.

Ӯ зикр кардааст, ки Русия баҳри таҳқими иқтидори ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷумҳуриро бо муҳимоту ҷангиву техника таъмин карда, дар макотиби олии ҳарбии Русия барои артиши Тоҷикистон кадрҳои ҳирфаӣ тайёр мекунад.