Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Бердимуҳамедов

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 апрел дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов оид ба дурнамои муносибатҳо мубодилаи афкор кардаанд:

“Дар рафти сӯҳбат Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистони дӯст таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падарашон Мяликгули Бердимуҳамедович Бердимуҳамедов изҳор намуданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”, — таъкид доштаанд Пешвои миллат.

Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом додаанд.

Президентҳои ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд.