Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод бо чанде аз намояндагони мақомоти вилоятӣ аз манзилҳои харобшудаи сокинони деҳоти “Овчи Қалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, Раиси вилоят аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба наздикону пайвандони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ кард.
Аҳмадзода бо аҳолии зарардидаи ин ноҳия мулоқот карда ва гуфтааст, манзили онҳо пурра барқарор карда мешавад:
“Барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари муноқиша ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, барои бунёди манзил ва сарпаноҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, — гуфта мешавад дар хабар.
Ёдрас мекунем, дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр оғоз шуд, минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.