“Иҷрои қатъии муқаррароти санадҳои имзошуда барои ҳарду ҷониб ҳатмист”. Тоҷикистон ва Қирғизистон санад имзо карданд

Shared to Facebook

19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” мулоқоти навбатии кории намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон баргузор гардид.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар симои роҳбарони гурӯҳҳои корӣ — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Раиси Девони вазирони Қирғизистон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Протокол имзо карданд, ки тибқи он қувваҳои иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешаванд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.


Гуфта мешавад, бо мақсади роҳ надодан ба авҷгирии минбаъдаи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бар асоси муносиботи неки ҳамсоягӣ ва пайи иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда тарафҳо дар мавриди ба эътидол овардани вазъ ба мувофиқа расида, Протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.

Тибқи ин санад, тарафҳо уҳдадор гардидаанд, ки амалиёти низомӣ, истифодаи ҳама гуна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд пурра қатъ намуда, қӯшунҳо ва техникаи ҳарбиро аз минтақаи марзии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд ба маҳалли доимияшон баргардонанд.

Ҳамчунин, санҷиши муштараки дидбонгоҳҳои марзӣ ва комендатураҳои сарҳадӣ барои мавҷудияти техникаи вазнини низомӣ дар онҳо, ки хоси сохторҳои марзӣ нест, ташкил карда мешавад.

“Дар сурати пайдо шудани он тадбирҳои ҳамоҳанггардида андешида, онро ба масофаи на камтар аз 10 километр аз минтақаҳои наздисарҳадӣ дур мекунанд”,-гуфта шудааст дар Протокол.

Дар пойгоҳи гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” (Тоҷикистон) барои назорати иҷрои созишҳои дар Протоколи мазкур нишондодашуда аз ҷумлаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат комиссияи кории муштарак ташкил карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти комиссияи корӣ санадҳо тартиб дода мешаванд, ки ба онҳо роҳбарони ҳарду комиссия имзо мегузоранд.

“Иҷрои қатъии муқаррароти санадҳои имзошуда барои ҳарду ҷониб ҳатмист”, — таъкид шудааст дар санад.

Ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шудааст, ки таҳқиқи ҷиддии даргириҳои мусаллаҳонаеро, ки 14-17 сентябри соли 2022 дар минтақаи марзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон рух дода, боиси талафоти одамон, зарари калони маънавӣ ва моддии ду ҷониб гардиданд, ба роҳ монда, сабаб ва омилҳои онро муайян намоянд.

Ёдрас мекунем, дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр оғоз шуд, минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.