Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Садир Жапаров

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни ин суҳбати телефонӣ Президенти Тоҷикистон Президент ва мардуми Қирғизистонро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, ба ҳамаи сокинони Қирғизистони ҳамсоя сулҳ, субот, рушди устувор ва дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ комёбиҳои нав орзу намудаанд:

“Зимни суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро дар руҳияи созандагӣ таъкид намуда, ҷиҳати афзоиш додани ин раванд дар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Ҳамзамон, рӯзномаи ҷаласаҳои дарпешистодаи сарони давлатҳо дар доираи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки қарор аст дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шаванд, баррасӣ гардидаанд.