Танҳо як мансабдор беш аз 9 миллион сомониро аз худ кардааст

Shared to Facebook

Як мансабдори тоҷикро барои ба соҳибкорӣ машғул шудан, фиреби соҳибкорон бо истифода аз мансаб ва аз худ кардани миллионҳо сомонӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иттилоъ дод.  Ба иттилоъи манбаъ, директори КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентии содироти Тоҷикистон М. Асоев барои машғул шудан ба соҳибкорӣ ва аз худ кардани ҳазорҳо сомонӣ маблағи буҷет боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ дар давраи роҳбари КВД “Тоҷагропромэкспорт” будан, дар як вақт роҳбарии ду ширкат — ҶДММ “Субҳи Сарбанд” ва ҶДММ “Оли Сомон”-ро ба уҳда дошта, ду ширкатро 1,5 млн сомонӣ аз андоз қарздор кардааст.

“Асоев М.С. ғайриқонунӣ аз номи ширкатҳои болозикр тамоми амалиётҳои молию пулиро бо хоҷагиҳои деҳқонии истеҳсолкунандаи пахта ва дигар субъектҳои хоҷагидории вилояти Хатлон шахсан анҷом дода, аз ин ҳисоб фоидаи муфт ба даст оварда, пардохти маблағи андозҳоҳои ҳисобшударо таъмин накарда, аз ин ҳисоб ҷамъиятҳоро дар назди давлат ба маблағи 1.501.334 сомонӣ қарздор намудааст”, — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Ғайр аз ин, Асоев М.С. дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор Д.Д.Н. ва шарикони ӯ даромада, аз номбурдагон бо баҳонаи фурӯхтани 1500 тонна нахи пахта давоми соли 2021 ҷамъ маблағи 2.927.555 доллари ИМА-ро (мутаносибан ба 33 081371,5 сомонӣ) гирифта, аз ин ҳисоб ба соҳибкор 1100 тонна нахи пахтаро бо арзиши 2 127 555 доллари ИМА (мутаносибан ба 24 041 371,5 сомонӣ) дастрас карда, боқимонда маблағи 800.000 доллари ИМА-ро (мутаносибан ба 9 040 000 сомонӣ) тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.

Инчунин, Асоев М.С. дар давраи фаъолияти корияш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайри дар ихтиёраш қарор дошта, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи июли соли 2022 аз маблағи 1 074 804,23 сомонии аз ҳисоби фурўш ва ба хориҷи кишвар содирот намудани ангиштсанг ба даст омада ва дар ихтиёраш қарордошта, қасдан маблағи 332546,44 сомониро ба хазинаи КВД “Тоҷагропромэкспорт” ворид накарда, онро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсияш хароҷот кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонид, омадааст дар хабари Агентӣ.

Вобаста ба ҳолатҳои болозикр нисбат ба Асоев М.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”, 260 қисми 2 банди “а” ва 340 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.