Ҳиндустон бозори истеҳсоли чипҳоро забт мекунад

Shared to Facebook

Кишварҳое, ки бозори истеҳсоли нимноқилҳоро забт мекунанд, дунёро тасхир хоҳанд кард. Саноати чипсозӣ ҳамчун васила ва фишанги асосии муборизаи геополитикӣ торафт мақоми қавӣ соҳиб мешавад.

Имрӯз ИМА, Ҷопон, Чин, Тайван ва Кореяи ҷанубӣ барои рушди иқтидорҳои саноати чипсозӣ ва ихтирои технологияи нави нимноқилҳо рақобати шадид доранд. Аммо дар 5 соли охир Ҳиндустон қариб ҳамаи абарқудратҳои соҳаро қафо партофт.

Ҳукумати Ҳиндустон ҳадаф дорад, ки кишварро ба як маркази истеҳсолии нимноқилҳои ҷаҳонӣ ва ин соҳаро бештар ба самти истеҳсолоти осиштаи маишӣ табдил диҳад.

Алҳол Ҳукумати Ҳиндустон маблағгузории 15,2 миллиард долларро ба корхонаҳои истеҳсоли нимноқилҳо, аз он ҷумла татбиқи лоиҳаи Tata Group дар бораи сохтани аввалин иншооти калони истеҳсоли чипро амалӣ менамояд.

Арзиши лоҳаи Tata Group 11 миллиард долларро ташкил медиҳад. Истеҳсоли ҳармоҳаи нимноқилҳо 50 ҳазор донаро ташкил медиҳад.

Инчунин, ташаббуси Тата оид ба бунёди як корхонаи истеҳсоли чип ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар ва корхонаи муштараки Murugappa Group барои бастабандии қисмҳои нимноқилҳои электронӣ тасдиқ карда шуд.

Ҳоло корхонаҳои Tata Group бо истифода аз равандҳои техникии муосир 40 нанометр ва аз ин ҳам зиёдтар чипҳо истеҳсол мекунанд, ки дар бахши истеъмолӣ, саноати автомобилсозӣ, яроқу аслиҳа, авиатсия ва ғайра истифода мешаванд.

Ҳукумати Ҳиндустон ҳамзамон корхонаҳо, ширкатҳо ва муассисаҳои илмии кишварро ба ихтиёри тамоми сармоягузорони дунё супурдааст. Барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли чипҳои дохилӣ, Ҳиндустон барои ҷалби шарикони хориҷӣ ба кишвар аз имтиёзҳои иқтисодӣ, аз ҷумла имтиёзҳои андоз, ҷудокунии афзалиятноки замин барои майдонҳои истеҳсолӣ, дастгирии маъмурӣ ва ҳифзи сармояро пешкаш менамояд. Фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳавасмандии иститутҳои молиявии дунё, тоҷиронро чун оҳанрабо ба худ мекашад.

Чунин саъю кушиш аллакай самара дод. Ҳамин тариқ, Apple Inc ва шарикони он аллакай дар корхонаҳои Ҳиндустон iPhone истеҳсол мекунанд. Содироти маҳсулоти электронӣ дар ин кишвар аллакай аз ҳаҷми содироти Чин зиёдтар аст. Илова бар ин, нимноқилҳои истеҳсоли Ҳундустон нисбат ба дигар ширкатҳои хориҷӣ арзонтар мебошанд.

Чанде пеш Ҳукумати Ҳиндустон сохтмони се корхонаи истеҳсоли нимноқилҳоро тасдиқ кард. Арзиши умумии иншоот 1,26 триллион рупия (15,2 миллиард доллар) буда, онҳо бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз мешаванд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки баъди ба кор оғоз кардани ин корхонаҳо, Ҳиндустон аз абарқудратҳои соҳа — Чин, Тайван, ИМА ва Кореяи ҷанубӣ пеш мегузарад. Интизор меравад, ки бозори микрочипҳои Ҳиндустон то соли 2026 ба 63 миллиард доллар баробар мешавад.

Вазири саноати электронии Ҳиндустон Ашвини Вайшнав гуфтааст, сохтмони корхонаҳо дар давоми 100 рӯзи оянда оғоз мешаванд. Онҳо бо истифода аз технологияи 28 нанометр ё калонтар чипҳо истеҳсол хоҳанд кард. Ин чипҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ, мошинсозӣ, маишӣ, алоқа ва телекоммуникатсия истифода хоҳанд шуд.

Нахустин корхонаҳоро ширкати ҳиндии Tata Electronics дар ҳамкорӣ бо ширкати Тайвании Powerchip Semiconductor Manufacturing бунёд мекунанд. Пойгоҳҳои истеҳсолӣ дар Долера (Гуҷарот) ҷойгир хоҳанд шуд. дар марҳилаи аввал ба соҳа 910 миллиард рупия (11 миллиард доллар) сарф мешавад.

Ҳамчунин, майдони дуюми истеҳсолӣ аз ҷониби ширкати Tata Semiconductor дар иёлоти Ассам сохта мешавад. Ба иншоот 270 миллиард рупий (3,26 миллиард доллар) сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Сохтмони корхонаи сеюмро ширкати ҳиндии CG Power дар якҷоягӣ бо ширкати ҷопонии Renesas Electronics ва Thai Stars Microelectronics анҷом медиҳад. Ба ин корхона сармоягузории 76 миллиард рупий (920 миллион доллар) дар назар аст.

Истеҳсолти таҷҳизот ва васоити техникии Ҳиндустон аксари кулл ба соҳаҳои ғайринизомӣ равона гардидааст. Зеро дар асл худи мардуми Ҳиндустон табиатан сулҳпарвару башарпарвар буда, барои васоили низомӣ ва ё қудратнишондиҳӣ вақте маблағ сарф карданро дӯст намедоранд.

Шоҳинбодов Н.

Н. Хваронина