Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон бо сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ мардуми ду кишварро ба иштибоҳ меандозад

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз оқибатҳои изҳороти бардурӯғи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов ҳушдор дода, гуфт, “метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад”.

Вазорат гуфт, мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон, ки рӯзи 19 сентябр паҳн шуд, дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст:

“Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад”, — таъкид кардааст ВКХ Тоҷикистон.

Дар робита ба ин Вазорат бори дигар мавқеъи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъро дар фазои расонаӣ тасдиқ кардааст.

19 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амнияти давлатии ду кишвар ба имзо расидани протокол дар бораи танзими вазъ дар марз истиқбол гардида, ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки риояи катъии он имкон медиҳад то раванди музокирот аз рӯйи тамоми маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таҷдид карда шавад.

Ёдрас мекунем, дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр оғоз шуд, минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.