ВКХ: Изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон монеа ба вуҷуд меорад

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б.Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки рӯзи 16 сентябр пахш шуда буд, шадидан маҳкум кард.

“Изҳороти Б.Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад”, — омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Таъкид шудааст, ки чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад.

Ёдрас мекунем, дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр оғоз шуд, минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.