Ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон: “Бо чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба мезанад”

Shared to Facebook

Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст:

“Боиси нигаронист, ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”, — омадааст дар изҳорот.

Аҳдшикании навбатии ҷониби қирғиз дар ҳолест, ки Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев зимни музокирот бо Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов барои эълони оташбас аз соати 14:30 ҳамин рӯз ваъда дода буд.

Ҳамчунин, баъдтар президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар мулоқот дар Самарқанд “изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд”.

Ёдрас мекунем, ки ҳамлаи ин субҳи Қирғизистон ба Тоҷикистон низ дар натиҷаи ҳамин гуна аҳдшиканию ваъдахилофии ҷониби қирғиз сурат гирифт.