Форуми «Ориён Бизнес»: қадаме ба сӯи ояндаи рақамӣ ва рушди устувор

Shared to Facebook Shared to Max

Форуми «Ориён Бизнес» ба як рӯйдоди муҳим дар фазои иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфт, хабар додааст хадамоти матбуоти Бонк.

Ин чорабинӣ на танҳо аввалин форуми тиҷоратии бонк буд, балки оғози марҳилаи нави рушди «Ориёнбонк»-ро низ рамзгузорӣ кард — марҳилае, ки дар он анъанаҳои чандинсола бо технологияҳои муосир ҳамоҳанг мешаванд.

Форум роҳбарони ширкатҳои пешсаф, намояндагони бахши воқеии иқтисод ва шарикони байналмилалиро дар як майдон ҷамъ оварда, ба платформаи муассири муоширати соҳибкорӣ ва табодули таҷриба табдил ёфт.

Дар меҳвари чорабинӣ муаррифии экосистемаи навшудаи «Ориён Бизнес» қарор дошт. Ин платформа барои рақамикунонии пурраи равандҳои тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таҳия шудааст. Ба гуфтаи иштирокчиён, рушди шабакаи суратҳисобҳои мустақими корреспондентӣ ва васеъшавии воситаҳои маблағгузории тиҷоратӣ ба соҳибкорони тоҷик имкон медиҳад, ки бо суръати бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ бароянд.

Яке аз хабарҳои калидии форум эълони оғози трансформатсияи амиқи бонк дар доираи принсипҳои рушди устувор буд. «Ориёнбонк» ният дорад низоми идоракунии хавфҳо ва равандҳои дохилиро ба стандартҳои байналмилалии ESG мутобиқ созад. Ин иқдом заминаи мусоид барои ҷорӣ намудани воситаҳои нави молиявӣ, аз ҷумла «облигатсияҳои сабз», фароҳам меорад ва метавонад рушди бозори маблағгузории масъулро дар кишвар суръат бахшад.

Ҳузури ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, аҳамияти хос бахшида, мавқеи онро дар сатҳи минтақавӣ боз ҳам тақвият дод.Коршиносон бар онанд, ки татбиқи ин ташаббусҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ мавқеи «Ориёнбонк»-ро ҳамчун шарики стратегии тиҷорати ватанӣ боз ҳам устувортар мекунад.

Бонк, бо такя ба таҷрибаи ғанӣ ва роҳкорҳои технологӣ, минбаъд низ ба рушди босифати иқтисоди миллӣ саҳм хоҳад гузошт.

➡️ҶСК «Ориёнбонк»