Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев ба Тоҷикистон 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Токаев рӯзи 19 май ба Душанбе омад. Ӯро дар фурудгоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии ғайрирасмии президентҳои ҳарду кишвар дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, баргузор гардид. Дар доираи ин боздид Токаев, ҳамчунин, бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ шинос шуд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Қазоқистон рӯзи 20 май дар майдони Қасри миллат баргузор шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз шуда, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, дар мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.
Дар ин мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар самти рушду густариши ҳамаҷонибаи робитаҳо ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расондани он, баҳои баланд додааст:
“Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад. Мо тасмим дорем, ки минбаъд низ кӯшишҳои заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон дар ҳама соҳаҳо идома диҳем”, — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, робитаҳои байнипарламентӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар бахшҳои муҳиму судманд, табодули андеша карданд”, — омадааст дар гузориш.
Дар рафти музокироти ҷонибҳо масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак мо тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем.
Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад.
Рушди ҳамкории бахши тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Гардиши мол соли гузашта қариб 1 миллиард долларро ташкил дод.
Зарур шумурда шуд, ки минбаъд ба хотири таъмиқи ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.