Рухшона Эмомалӣ ба Маликаи Британия эътимоднома супорид

Shared to Facebook

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ ба Маликаи Бритониё Елизаветаи II эътимоднома супорид. Маросими супурдани эътимоднома рӯзи 15 март ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст.

“Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маликаи Подшоҳии Муттаҳида Улёҳазрат Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани Малика расонид”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 декабри соли 2021 бо Фармони Президенти Тоҷикистон, Рухшона Эмомалӣ ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуд.

Рухшона Эмомалӣ, ки собиқаи корӣ дар мақомоти корҳои хориҷӣ ва умури дипломатиро дорад, қаблан ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва аз ин қабл дар Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият мекард.

Дар айни замон вай муаллифи китоби “Асосҳои хизмати дипломатӣ” мебошад, ки соли 2017 нашр шуд. Ин китоб оид ба мафҳуми дипломатия, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии коркард ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақаӣ, таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик, инчунин дар бораи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа маълумот медиҳад.