Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сарвазирони Русия ва Беларус

Shared to Facebook

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки рӯзи 29 апрел бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Русия рафт, худи ҳамон рӯз бо раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин мулоқот кардааст.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намудаанд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар соли гузашта 973,6 миллион долларро ташкил намуд.

Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.

Дар идома Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Беларус Роман Головченко мулоқот кардааст.

Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск, содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.