Марҳилаи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон

Shared to Facebook

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон байни кишварҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Раисӣ 16 сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Эрон дар майдони Қасри миллат 18 сентябр баргузор гардид.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамчунин, музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Аз фаъолияти назарраси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гардидааст, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия шуда, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмони саддҳо, нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои дигару судманди робитаҳои дуҷониба номида шудааст.

Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурдаанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ табодули афкор кардаанд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шудааст.

Ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд, зеро ин ҳолати мураккаб ба амнияту суботи минтақа таҳдид мекунад.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.

Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Эронро ба узвияти СҲШ истиқбол намуда, изҳори итминон кардааст, ки робитаҳои муштараки ду кишвар дар ин созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат мекунад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин имзо шуданд:

— Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;

— Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор, таовун ва рифоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши техникӣ ва касбӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотии пас аз музокирот бо Сайид Иброҳими Раисӣ изҳори итминон кард, ки бастаи нави санадҳои нав имзошуда барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меоваранд.

Таъкид гардид, ки мардумони мо дорои арзишҳои муштарак ва безаволи таърихӣ, маънавию фарҳангӣ мебошанд.

Изҳори итминон шудааст, ки ин муштаракот заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд.

Ҷонибҳо бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза, муҳим будани ҳамкориҳоро дар соҳаи амният таъкид намудаанд.

Вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст:

“Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем. 

Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд.

Ҳамзамон бо ин, мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ.

Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шудаанд.

Дар ин замина Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расидаанд, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар намуда, ба баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат намоянд:

“Риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист.

Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд.

Мо — Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем”, — таъкид намуд Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид гуфт, афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад:

“Нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад”.

Ҳамзамон аз ҳолат ва раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Президенти Тоҷикистон бо дарназардошти мувофиқаҳои бадастомада сафари Раисиро оғози марҳалаи нав дар муносибатҳо миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд.