Оғози сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Shared to Facebook

Субҳи 24 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Нур-Султон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар маросими гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба маълумоти котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, маҷмааи биноҳои нави Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон иҷрои амалии “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба  мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, он дар кӯчаи ба номи Анатолий Храпатий дар масоҳати 1,0 га бунёд мегардад.

Лоиҳаи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро ҶСК “Шаҳрофар” таҳия карда, он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ бунёд мегардад.