Даъвати баҳорӣ: дар 20 рӯз нақша 80,5{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} иҷро шуд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, то 20 апрел нақшаи даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ 80,5{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} иҷро шудааст.

Ёдрас мекунем, ки даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, ба маълумоти манбаъ, дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ ва рӯзи 10 апрел чаҳор навоҳии пойтахт нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро намуданд.

Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ то 20 апрел иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 91 фоиз баробар шудааст:

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар гарнизони Хатлон аст, ки иҷрои нақша дар шаҳру навоҳии ин вилоят 79 фоизро дар бар мегирад.

Чорабинии бошукуҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи ватан дар давоми ду даҳрӯзаи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд алакай ба 67 фоиз баробар мебошад”, – омадааст дар иттилоияи Вазорат.