Ифтитоҳи се корхонаи нави саноатӣ дар Хоруғ

Shared to Facebook

Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон имрӯз, 27 сентябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Дар ҶДММ “Қоим” аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшӯраю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Самари кӯҳсор” ба бозор пешниҳод мегардад.

Президент дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имконоти мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиш додани истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд.  

Ба гуфтаи масъулин, оянда дар ҶДММ “Қоим” бо истифодаи имконоти иловагии технологияи воридшуда коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон корсервакунонии сабзавот ба роҳ монда мешавад.

Президент дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин бо фаъолияти ҶДММ “Помир экомебел” шинос шуданд.

Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи мебел 10 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд.

Президент дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода додаанд, ки дар он бо дарназардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол карда мешавад.

Ба иттилоъи масъулин, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне дар 5 соли охир дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расидааст.

Президент, дар маҷмуъ, ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулини сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намудаанд.

Ба истифода додани корхонаҳои бастубанди мева, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ 27.09.2026