Сафари кории Президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 сентябр, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, мулоқоту суҳбат бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд.

Ин ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси “Шоҳин Эйрлайнз” ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Ин, ҳамчунин, нахустин парвоз бо хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Хоруғ аст, ки бо он алоқаи мунтазами ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бозкушоӣ мегардад. Аз ин рӯз ба баъд миёни Душанбею Хоруғ бо ин ҳавопаймо, ки Бадахшон номгузорӣ шудааст, мунтазам парвозҳои мусофирбарӣ анҷом дода мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ҳавопаймои L-410NG дорои 2 муҳаррики турбовинтӣ аз тавлидоти ширкати Aircraft Industries-и Чехия буда, бо ғунҷоиши 19 мусофир ва 2 сарнишин барои парвозҳои нисбатан кӯтоҳ, то 2100 км, пешбинӣ шудааст.

Ин ҳавопаймо метавонад бо истифода аз хатти нишасту парвози кӯтоҳи беш аз 600 м фаъолият кунад, ки барои фурудгоҳҳои маҳаллии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон басо муносиб аст.

Бо дарназардошти ин ва дигар афзалиятҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи ин ҳавопаймо ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси “Шоҳин Эйрлайнз”  тасмим дорад, ки байни шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар парвозҳои дохилӣ ба роҳ андозад.

То имрӯз парки ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани L-410 NG иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқолот тариқи ҳавопаймоҳо мебошад.

Дар фурудгоҳи Хоруғ Президентро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо рӯҳу илҳоми баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббати беандоза гарму самимӣ истиқбол гирифтаанд.

Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, руҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид.

Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Тоҷикистон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намудаанд.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири таърих барои миллати сарбаланди тоҷик аст, ки таҳти роҳбарии   хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳким меёбад.

Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон муҳтавои амиқ дошта, боиси рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таконбахши раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гушаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Тоҷикистони азиз мегардад.

Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Сарвари давлатро дар дил мепарваранд, дар кучаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассумгар шуданд.

Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, роҳнамоии сокинони кишвар ба сӯи ояндаи неку  боз ҳам дурахшону пешрафта қадамҳои устувор мегузорад.

Истиқболи гарму самимии Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз иродаи устувори мардум дар пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.

Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нахустин парвози ҳавопаймои нави L-410 NG дар Тоҷикистон 27.09.2026