Мотами умумимиллӣ дар Қазоқистон: фавти 14 сарбоз дар баҳри Каспий

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 сентябр, ба Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев вобаста ба ҳалокати низомиёни қазоқ ҳангоми баргузории машқҳои ҳарбӣ дар баҳри Каспий барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардаанд.

“Хабари фоҷиабори ҳалокати хизматчиёни низомии Қазоқистон ҳангоми машқҳои низомӣ дар баҳри Каспий боиси андӯҳи гарони мо гардид.

Дар робита ба ин фоҷиа таъзияву таслияти амиқи моро бипазиред. Хоҳишмандам, ғамшарикӣ ва ҳамдардии самимии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Барои осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам”, — омадааст дар номаи ҳамдардии Президенти Тоҷикистон.

Ин фоҷиа рӯзи 24 сентябр дар вилояти Мангистау ҳангоми баргузории машқҳои ҳарбӣ-баҳрӣ рух дод. Ҳангоми иҷрои вазифаи таълимию ҷангӣ вазъи обу ҳаво якбора бад шуда, шиддати шамол афзоиш ёфт ва дар натиҷа 17 хизматчии ҳарбӣ дар баҳр ғарқ шуданд. Тибқи маълумоти расмии Вазорати мудофиаи Қазоқистон, се нафар наҷот дода шуда, 14 низомӣ ба ҳалокат расиданд. Ҷустуҷӯи ду низомии бедаракшуда субҳи 25 сентябр баъди пайдо шудани ҷасади онҳо ба анҷом расид.

Дар робита ба ин ҳодиса Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 25 сентябрро рӯзи мотами умумимиллӣ эълон намуда, ба мақомоти дахлдор дастур додааст, ки ба оилаҳои қурбониён кумаки зарурӣ расонида шавад.

Ҳамзамон, мақомоти Қазоқистон таҳқиқи ҳамаҷонибаи сабабҳо ва ҳолатҳои рух додани фоҷиаро оғоз кардаанд. Тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ, дар доираи парвандаи ҷиноятӣ шахсони мансабдор муайян шудаанд, ки ба хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифаи хизматӣ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, бо дарназардошти шароити обу ҳаво назорати зарурӣ ва чораҳои бехатарӣ ба таври муносиб таъмин нашуда, корҳои наҷотбахшӣ низ ба сатҳи зарурӣ ташкил нагардидаанд.

Дар доираи тафтишот беш аз 30 хизматчии низомӣ бозпурсӣ шуда, ҳуҷҷатҳо ва маводи видеоӣ мусодира ва 12 экспертиза таъин шудааст.

Барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи сабабҳои ҳодиса комиссияи давлатӣ низ таъсис дода шудааст. Мақомот таъкид кардаанд, ки натиҷаҳои тафтишот бояд ҳамаи ҳолатҳоеро, ки боиси фоҷиа шудааст, муайян намуда, дар сурати собит шудани гуноҳ, шахсони масъул тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба оилаҳои низомиёни ҳалокшуда кумаки молиявӣ ва дигар навъи дастгирӣ расонида мешавад. Вазорати мудофиаи Қазоқистон ҳамчунин хабар додааст, ки ба хонаводаҳои қурбониён кумаки моддӣ ва равонӣ мерасонанд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон, дар машқҳои ҳарбӣ беш аз 500 хизматчии низомӣ иштирок доштанд. Ҳадафи машқҳо тамрини ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои низомӣ ва иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ буд.

Зимнан, ин аввалин ҳодисаи марбут ба ғарқшавии низомиёни қазоқ дар минтақаи баҳри Каспий нест. Соли 2015 ҳангоми баргузории машқҳои ҳарбӣ чаҳор мошини зиреҳпӯши БТР-80 ғарқ шуда, чаҳор нафар низомӣ ба ҳалокат расида буданд. Дар пайи таҳқиқи он ҳодиса чанд афсар ба муҳлатҳои воқеии маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.