Нигаронии вазир аз дастгирӣ накардани омӯзгорон дар Кушониён

Shared to Facebook

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни боздид аз як мактаб дар ноҳияи Кушониён аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯи роҳбарият ва ширкати нокифояи толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ нигаронӣ кардааст.

Вазир рӯзи 6-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кушониён бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ аз Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кушониён боздид намудааст:

“Зимни боздид вазир бо рафти тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдоштии ошхонаи мактабӣ, хобгоҳи хонандагон ва таъминоти кадрӣ шинос шуда, ҳамзамон аз ҳолати омодасозии шогирдон ва иштироки нокифояи онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии омӯзгорон аз сӯи роҳбарият изҳори нигаронӣ кард”, — хабар дод маркази матбуоти Вазорат.

Саидзода, ҳамчунин, бо омӯзгорони фанни забони русӣ, ки аз Русия ҷалб гардидаанд, суҳбат карда, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Дар охир вазир бо ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрӣ доир намуда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ, ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба Мактаби президентӣ дастуру ҳидоятҳо додааст.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар хобгоҳ ва ошхонаи муассиса, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас дода шудааст.