Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва муассисаҳои илмӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 июл Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Ҳамин тавр, мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, бозхонд намудани муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Комилӣ Файзалӣ ва дар хусуси интихоб намудани

Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон,

Комилӣ Файзали ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон,

Хайриддинзода Азизбек ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон,

Одиназода Ҷонфидо Халил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон,

Бекзода Абдураҳим Абдулло ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Ёқубзода Абдураҳмон Холдор ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Маҳмадзода Хуршед Бобохон ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Солеҳзода Зарина Тағойназар ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Усмонзода Тоҷиддин ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Хафиззода Темур Ҷамшед ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон,

Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ манзур карда шудаанд.

Рӯзи гузашта Президент кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаанд.

Рӯзи 13 июл, ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумат, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Назарзода Хайрулло Холназар роҳбари ин донишгоҳ таъйин шуд.

Шарифзода Боймурод Бобопур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Шарифзода Фарангис Худоӣ директори ин Институт таъин гардидааст.

Ҳамчунин, бо қарори дигари Ҳукумат Рустамзода Замира Темурмалик директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” таъин карда шудааст.