Супоришҳои Президент ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо

Shared to Facebook

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 август бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Нуробод оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка ва омодагии бахшҳои иқтисоди миллӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола ба Президент ҳисобот додаанд:

“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ барои зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд”, — омадааст дар хабар.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Лахш ва Нуробод ҳамчунин доир ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, аз ҳозир омода кардани соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус маорифу тандурустӣ ба давраи зимистон ва таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шудааст.