Ғолибони “Ҷоми Қӯшунҳои дохилии ВКД” муайян шуданд

Shared to Facebook

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Қӯшунҳои дохилии ВКД”, ки бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз як моҳ инҷониб идома дошт, ба анҷом расид. Рӯзи 6-уми сентябр дар варзишгоҳи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД маросими пӯшидашавии мусобиқаҳо баргузор гардида, ғолибон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар маросими пӯшидашавӣ Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД генерал-майор Суҳроб Рауфзода, мушовири Вазири корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ, муовинони Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Тӯразода А., полковник Исмоилзода И. ва полковник Ҷабборзода М. иштирок намуданд.

Мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ, ки рӯзи 4 август оғоз шуда буданд, аз рӯйи навъҳои футболи хурд, волейбол ва гӯштини миллӣ байни сарраёсат, раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД баргузор шуданд.

Мусобиқаҳоро доварон аз федератсияҳои варзишии ҷумҳурӣ доварӣ намуданд.

Дар мусобиқаи волейбол, ки 12 даста иштирок карданд, ҷойи аввал насиби Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД гардид. Ҷойи дуюмро Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ва ҷойи сеюмро Академияи ВКД ба даст оварданд.

Дар гӯштини миллӣ бошад, ҷойи аввал насиби гӯштингирони Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, дар ҷойи дуюм тими Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дар зинаи сеюм дастаи Академияи ВКД ғолибият ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа 8 даста рақобат карданд.

Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат дар бозии ниҳоӣ бо Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ба ҳисоби 1 ба 0 ғалаба карда, ҷойи аввалро дар футболи хурд ба даст овард. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро футболбозони дастаҳои Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Эраҷ Ҳурматов аз дастаи РВКД дар шаҳри Душанбе — дарвозабони беҳтарин, Муҳаммад Холов — муҳофизатгари беҳтарин, Фаридун Тоҳирзода — ниммуҳофизатгари беҳтарин (ҳарду аз дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат), Ҷамшед Кӯчкаров — ҳамлагари беҳтарин ва Дилшод Восиев — беҳтарин бозингар (ҳарду аз дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД) эълон гардиданд.

Мусобиқоти гуруҳӣ бошад, бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст шуданд:

Ҷойи аввал: Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД

Ҷойи дуюм: Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД

Ҷойи сеюм: Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат

Аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ба ғолибон ҷом, медал, ифтихорномаю cипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.